Дар бораи мо

ДОНО – Маркази таълимии пешбар дар соҳаи маълумоти иловагии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ДОНО аз соли 2007 фаъолияти худро мебарад, лекин собиқаи кории он зиёда аз 15 сол мебошад.
 
Сараввал танҳо машғулиятҳои омӯзиши забони англисӣ ва саводи компутерӣ мавҷуд буд.
 
Асоси барномаи ДОНО ин ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ, бо мутахассисон ва соҳибони забон аст. ДОНО дорои иҷозатнома барои даъвати кормандони хориҷӣ мебошад.
 
Имрӯз Маркази интеллектуалӣ ва таълимии «ДОНО» маҷмӯи машғулиятҳои интенсивии гуногуни омӯзиши забонҳо, машғулиятҳои техникӣ, илмӣ – оммави ва эстетикиро тавассути усулҳои фаъоли таълими муосир пешкаш менамояд.
 
ДОНО аз Стандартҳои байналмилалии эътирофи умум пайдо намудаи сатҳи дониши забонҳо пайгирӣ менамояд.
 
Машғулиятҳои маърифатии ДОНО барои ҳамаи он ашхосе, ки мехоҳанд  дониши мушаххасро дар фурсати кӯтоҳтарин  бо масрафи дастрас ҳамчун маблағгузорӣ ба захираи фитрии онҳост, пешбинӣ гаштааст.
 
Номнависӣ ба машғулиятҳои ДОНО тамоми сол ва бетанаффус.
 
Дар гурӯҳҳо машғулиятҳо бо усули интерактивӣ гузаронида шуда, бо ҳар як таълимгиранда муносибати инфиродӣ зоҳир менамоем. Доираи шунавандагони машғулиятҳои  ДОНО мактаббачагон, коргарон, нафакахуррон, абитуриентҳо, хурдсолонро дар бар мегирад.

ДОНО таҷрибаи калоне оид ба омӯзиши корпоративӣ  дорад. Коркунони компанияи TCELL, МЧС, Тоҷикаэронавигатсия, Ассосиатсия  ҳуқуқшиносон, Тоҷикводоканал дар курсҳои  ДОНО таҳсил кардаанд. 

Касоне, ки имконияти  хондан дар гурӯҳ надорад, метавонанд ба дарсҳои инфиродӣ номнависӣ карда дарс омӯзанд.  

ДОНО маркази комилҳуқуқи тестии TOEFL iBT дар назди ЕТС (Хадамоти Тестии Маориф) маҳсуб меёбад. TOEFL iBT – ин трейдмаркаи ба қайд гирифтаи ЕТС дар ИМА ва дар дигар давлатҳои ҷаҳон аст. TOEFL тест ин қисмати муҳими Шумо дар роҳи таҳсил ё кор дар мамлакат ва барномаҳои англисизабон аст.
 
ҶДММ Маркази интеллектуалӣ ва таълимии  «ДОНО» фаъолияти худро дар асоси иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва шунавандагони ДОНО дар ин асос соҳиби шаҳодатномаи расмии намуди байналмиллалӣ мегарданд.
 
Идораи асосӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст. ДОНО дар шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов низ бахши худро дорад.
 
Муносибати тахассусӣ ва таълими босифат кафили натиҷаи дилхоҳ – гирифтани дониш барои тамоми ҳаёт аст.
 
Шиори мо гуфтаҳои Фирдавсии бузург аст: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад.»