Готовим детей к учебе в школе с русским и с таджикским языком обучения.
В программу входят занятия по развитию логического и математического мышления, внимания, ориентировки в пространстве, количество и счет, подготовка к письму, развитие творческих навыков.
Дар ин ҷаҳони бо суръати тез инкишофёбанда, барои кушода тавонистани имкониятҳои худ ва расидан ба тамоми орзуҳо, барои ба сар бурдани умри пурсамар ва зиндагии наҷиб, ҳамеша ҳамқадами замона бояд буд.
Барои ин ҳар шахс бояд дорои захираи кофии ақлонӣ бошад, пайваста кӯшад, то ки малака ва маҳоратҳои заруриеро, ки зиндагӣ тақозо менамояд, аз бар намояд.
Масалан, имрӯзҳо талаботи ҳам ҷамъият ва ҳам ашхоси ҷудогона нисбат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар сатҳи хуб донистани забони модарӣ афзуда истодааст. Инчунин дар асри рушди технологияи муосир дорои саводнокии компутерӣ будан хеле муҳим аст.
Агар ҳам ба таълим ва ҳам худи таълимгиранда бо усулҳои фаъоли замонавӣ дуруст муносибат намоем, ба натиҷаҳои тааҷубовар ноил хоҳем гашт.
Шумо мехоҳед соҳиби донишҳои наве гардед, ки ба омӯзиш ҳеҷ гоҳ барвақт нест, ё дониши худро боз ҳам мукаммалтар гардонед, ки ҳеҷ гоҳ дер нест? Шумо мехоҳед фарзандатонро ба мактаб омода намоед, то ки ӯ дар оянда бо шавқ таҳсил намояд? Шумо мехоҳед барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олии чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ омодагӣ гиред? Шумо мехоҳед соҳиби дониши том гардед ва вақти таҳсили худро пурсамар истифода баред? Шумо мехоҳед новобаста аз синну соли худ дониши худро такмил диҳед?